Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз моҳи март то нимаи якуми моҳи августи соли 2021 бо иштироки дастаҳои ҳаваскорони санъати шаҳру ноҳияҳои мамлакат Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2021» баргузор мегардад.
Ба ғолибони даври ниҳоии фестивал - озмуни мазкур ва номинаҳои беҳтарин аз ҷониби муассис - Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотҳои пулӣ тақдим мегарданд.
Инчунин иштирокчиён ва созмондиҳандагони фаъоли фестивал - озмун бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ифтихорнома»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон сарфароз хоҳанд шуд.