Дар дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30 - солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷамоати деҳоти “Зарбдор” - и шаҳри Кӯлоб аз ҷониби оилаи фарҳангию ватандӯст - Раҳмоновҳо, бинои наву замонавӣ, бо номи “Маркази маърифат” мавриди истифода қарор гирифт.
Бинои мазкур аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар ошёнаи якуми он маркази савдо, синфхонаи омӯзишӣ барои технологияи информатсионӣ ва синфхонаи омӯзишии забонҳои русӣ ва англисӣ ҷойгир шудаанд. Дар ин ошёна, ҳамчунин як “Кошонаи ҳусн” барои бонувон низ фаъолият мекунад. Дар ин марказ 15 нафар сокинони ҷамоат ва инчунин омӯзгорон бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд.
Бино ба иттилои омӯзгорони марказ ин ҷо шароити хубу муносиб барои донишомӯзии наврасону ҷавонон ба вуҷуд омадааст. Онҳо имкон доранд, ки пас аз дарс ба машғулиятҳо биоянд ва ба омӯзиши дарсҳои иловагӣ ҷалб гарданд.
Инчунин марказ дорои толори калон, аст ки 24 ҷои нишаст дорад. Дар гӯшаҳои алоҳидаи он барои мутолиаи рӯзномаю маҷалла ва адабиётҳои бачагона имкони хубе фароҳам омадааст.