Имрӯз бахшида ба Рӯзи илми тоҷик дар кишвар Муассисаи давлатии телевизиони Тоҷикистон - «Илм ва табиат» ба фаъолият оғоз намуд.
Дар маросими оғози кори шабакаи мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, директори шабакаи навтаъсиси «Илм ва табиат» Зинатуллоҳ Исмоилзода, намояндагони сохторҳои давлатӣ, фарҳангиён ва донишмандон ширкат намуданд.
Ба гуфтаи манбаъ тамоми барномаҳо ва филмҳое, ки дар ин шабака нашр мешаванд, ба забони тоҷикӣ буда, дастовардҳои олимони тоҷик, ҳамзамон табиату манзараҳои нотакрори мамлакат инъикос мегардад. Аз ҷумла, «Арса» дар мавриди навгониҳои илмии ҷаҳонӣ, «Арши илм» дар бораи нобиғаи илм, «Сайри кайҳон» дар мавриди кайҳон ва нуҷум, «Чор унсур», «Дар оғӯши табиат», «Парвезан», «Сайёраи умед», «Мададгор», «Теғи Сино» ва «Дар дили санг» барномаҳое ҳастанд, ки таҳия ва дар ин шабака нашр мешаванд.
Ҳадаф аз таъсис ва роҳандозии шабака - тарғиби дастовардҳои илм, ҷалби таваҷҷуҳи насли нави Тоҷикистон ба илм ва оммавӣ кардани тафаккур ва ҷаҳонбинии илмӣ мебошад.