Санаи 10 апрели соли ҷорӣ даври ҷамъбастии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» бо иштироки ғолибони даври ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятӣ аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии “Боғи Ирам” баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории озмуни мазкур эҳёи ғизоҳои миллии азбайнрафта ва ривоҷ додани пухтупази таомҳои миллӣ дар тарабхонаву ошхонаҳо, омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ ва завқи дастархонороӣ мебошад.
Аз ҷониби довталабони озмун таомҳои миллӣ аз ҷумла, шакароб, қурутоб, фатирмаска, оши бурида, туппа, далда, суманак, почашӯрбо, дангича, инчунин маҳсулотҳои нонӣ, аз қабили қатмол, фатир, чагалдак, фатирқалама, чаппотӣ, кулчаҳои калону майда, гирдача ва ғайраҳо таҳия гардида, пешкаши иштирокдорон карда шуд.
Маҳорати кадбонугии занону бонувон аз ҷониби меҳмонон ва доварон баҳогузорӣ шуда, ғолибони озмун ва иштирокдорон бо диплом, сипоснома ва туҳфаҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд.
Ҷои аввал ба кадбонуҳои пойтахт, мавқеи дуюм ба кадбонуҳои вилояти Хатлон, Суғд ва ВМКБ насиб гардида, кадбонувони шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Сангвор сазовори ҷойи сеюм гаштанд.