Имрӯз, 7 апрели соли равон дар китобхонаи марказии шањри Њисор Фестивали ҷумҳуриявии "Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон" таҳти унвони "Хуҷаста бод, Истиқлол!" баргузор гардид. Дар фестивал адибони минтақа, шоираи ширинкаломи кўдакон Латофат Кенљаева ва адиби шинохта Равшани Махсумзод ширкат варзида, бо наврасони соҳибзавқ суњбатҳои судманд анҷом доданд.
Л. Кенљаева роҷеъ ба муњаббат ба китоб ва китобхонї сухан гуфта, чанд шеърњои тозаэљодашро барои кӯдакону наврасон ќироат намуд.
Аз љониби хонандагони муассисањои тањсилоти миёнаи умумии шањри Ҳисор чакидаҳо дар васфи Ватан - Модар ва Вањдату Истиќлолият ќироат гардид.