Аз санаи 2 то 4 апрел бо дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ ва ташаббуси иттиҳодияи эҷодии «Т&Z» Ҳафтаи байналмилалии мӯд дар меҳмонхонаи Hyatt Rejency Dushanbe баргузор шуд. Дар ин њафта ќатори тарроҳони хориҷ 9 нафар тарроҳи ватанӣ — Умед Кучкалиев, Фарангис Азимова, Садбарг Мирраҳимӣ, Сулҳия Ғуломова, Нафиса Имронова , Адолат Абдуҳалимзода, Шабнам Иброҳим, Ирода ва Ситора Солиҳоваҳо намунаҳои тарроҳии худро пешкаши тамошобинон гардонданд.
Дар маросими ифтитоҳи Њафтаи байналмиллалии мўд намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, тарроҳони машҳури кишварҳои хориҷӣ, намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар қатори тарроҳони ватанӣ инчунин тарроҳон аз Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Украина ва Аморати Муттаҳидаи Араб коллексияҳои худро пешниҳоди ҳаводорони олами мӯд гардониданд. Коллексияҳои таҳиянамуда асосан аз либосҳои занонаи ба таври миллию аврупоӣ дӯхташуда иборат мебошад.
Дар доираи Ҳафтаи байналмилалии мӯд донишҷӯёни риштаи таррроҳии макотиби олии Тоҷикистон ва тарроҳони дорои имконияти маҳудуди кишвар имконият доштанд, иштирок намуда, маҳорати зебоиофарии худро пешкаш созанд.