ИМРЎЗ ДАР ДУШАНБЕ ОЗМУНИ ШАҲРИИ БЕҲТАРИН БОҒУ ГУЛГАШТ, КӮЧАВУ ХИЁБОН ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
Раиси Комиссияи озмун, муовини раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода Боғи ба номи Аҳмади Донишро беҳтарин боғ дар пойтахт эълон кард. Аз рўи ин номина ҷои дуюм ба боғҳои “Устод Рӯдакӣ” ва “Садриддин Айнӣ” , ҷои сеюм ба боғҳои “Ирам” ва “Куруш” муносиб дониста шуд.
Дар номинаи “Гулгашти беҳтарин” зинаиҷои аввалро гулгашти назди Сирки давлатӣ (ноҳияи Фирдавсӣ), ҷои дуюмро - Гулгашти хиёбони Рӯдакӣ (ноҳияи Шоҳмансур) ва ҷои сеюмро - Гулгашти кӯчаи Карамов (ноҳияи Сино) ишғол намуданд, иттилоъ дод, маркази матбуоти шаҳрдории пойтахт.
Дар номинаи «Кӯча ё хиёбони беҳтарин» - кӯчаи Аҳмади Дониш (ноҳияи Шоҳмансур) ҷои аввал, Нусратулло Махсум (ноњияи Сино) ҷойи 2-юм, Хиёбони Рӯдакӣ (ноҳияи Исмоили Сомонӣ) ҷои сеюмро соњиб гаштанд.