Дар Донишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва дипломатияи Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар Тошканд санаи 7 апрели соли ҷорӣ дар шакли видеоконфронс ҳамоиши бонувони роҳбари давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар мавзӯи «Баланд бардоштани нақши занон дар таъмини рушди устувор» баргузор мегардад. Намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он иштирок ва суханронӣ хоҳанд кард, чунин иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Ҳилолбӣ Қурбонзода ба иштирокчиёни ҳамоиш бо сухани ифтитоҳӣ муроҷиат намуда, дар бораи тадбирҳои андешидаи Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани нақш ва мақоми занон дар кишвар нақл хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки ҳадафи асосии ҳамоиш баррасии нақши занони роҳбари асри 21 дар татбиқи ислоҳоти иҷтимоию сиёсӣ дар арсаи байналмилалӣ, таъмини Ҳадафҳои рушди устувор, ҳуқуқҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва шаҳрвандии занон, инчунин коркарди пешниҳодҳо ва тавсияҳои илмию амалӣ дар асоси таҷрибаи мусбати кишварҳои узви СҲШ дар соҳаҳои дар боло зикршуда мебошад.