Дар муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и пойтахт даври шаҳрии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе санаи 2 апрел ҷамъбаст шуд. Ҷойи аввал насиби Суман Сафаралиева аз ноҳияи Сино гардида, ҷойи дувум ба Шабистон Гунгакова аз ноҳияи Фирдавсӣ ва ҷойи сеюм ба Чаман Раҳимова аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ лоиқ дониста шуд. Аз ҷониби шаҳрдорӣ ба ғолибон диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Дар озмуни мазкур ҳунари кадбонуҳо, аз қабили таҳияи чанд навъи таомҳои миллӣ аз рӯйи номинаҳои ороиши дастархон, доштани маҳорати гузоштани зарф ва ашёи болои миз, омода ва пешниҳоди таомҳои субҳона, чошт ва шом, пешниҳоди маълумот оид ба номи дурусти таомҳо, ғизонокӣ ва таркиби он дар лавҳаҳо, маҳорати омода намудани хӯрокҳои маҳаллӣ, миллӣ ва муосир, малакаи омода намудани намудҳои гуногуни хамир барои пухтани нон ва дигар маҳсулоти нонӣ ба намоиш гузошта шуда, пешкаши ҳайати ҳакамон гардид.