Санаи 18 март даври минтақавии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» дар шаҳри Бохтар, дар майдони Театри ба номи Ато Муҳаммадҷонов доир ва ҷамъбаст гардид. Ҷойи аввалро ҳунармандони ноҳияи Шаҳритус, ҷои дуюмро шаҳри Норак ва ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомию Ёвон, ҷои сеюмро кадбонуҳои ноҳияҳои Муъминобод, Восеъ ва Вахш гирифтанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар озмуни мазкур занону духтарони 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон ширкат варзиданд. Иштирокчиёни озмун дар дастархонҳои ҷашнӣ намудҳои гуногуни хӯрокҳои миллӣ, кулчақандҳои болаззат ва хӯришҳоро пешниҳод намуданд. Озмун аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти роҳбарии сардори Раёсати кор бо занон ва оила Раъно Раҳимзода бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид.
Ғолибони озмун бо шаҳодатномаҳо ва туҳфаҳои арзишноки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мукофотонида шуданд.
Мақсад аз баргузории озмуни мазкур - эҳёи таомҳои милливу маҳаллии аз байнрафта ва ривоҷ додани пухту пази таомҳои миллӣ дар тарабхонаву ошхонаҳо, омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ ва завқи дастархонороӣ мебошад.