Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси Маќомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва намояндагони васоити ахбори оммаи минтақа чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода аз нақши матбуот ва дигар васоити ахбори омма дар пешрафт ва шукуфоии давлат ёдовар шуда, ба як зумра рӯзноманигорон барои хизматҳои шоёнашон дар тарғибу ташфиқи сиёсати давлату ҳукумат ифтихорномаҳо супурд.
Ҳамчунин дар ин рӯз, ҳамин гуна чорабинӣ, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоњи Рӯдакӣ низ доир гардид, ки дар он кормандони васоити ахбори оммаи минтақаи Кӯлоб ва донишҷўёни бахши журналистикаи Донишгоҳ ширкат варзиданд.
Устоди донишгоҳ, номзади илмҳои филологӣ Эраҷ Давлатов иброз дошт, ки бо кушода шудани риштаи рўзноманигорӣ дар назди факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳ вазъи матбуот дар минтақа рӯ ба беҳбудӣ ниҳод.
Дар фарҷоми чорабинӣ раёсати донишгоҳ ба як қатор рӯзноманигорон ва омӯзгорони донишгоҳ нишони Аълочии матбуоти тоҷик ва ифтихорномаю туҳфаҳо тақдим намуд.