Ба муносибати Рӯзи иди матбуоти тоҷик, ки соли равон 109-солагии он таҷлил гардид, дар Китобхонаи миллии Тоикистон бо иштироки меҳмонон ва намояндагони васоити ахбори омма чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатулоҳ Исмоилзода ба шаш нафар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвар дар бахшҳои радио, телевизион ва матбуоти тоҷик Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутиро тақдим намуд.
Дар бахши радио Ҷоизаи Лоҳутӣ ба Худоёри Валӣ аз радиои «Имрӯз», дар бахши телевизион ба Муҳаммадраҷаби Ҳанафия аз Телевизиони «Тоҷикистон» тақдим гардид. Дар бахши матбуот се нафар — Ноилшо Нуралиев аз ҳафтаномаи «Омӯзгор», Ҳақназар Каримзода аз рӯзномаи «Мароми пойтахт», Тағоймурод Нуралиев аз рӯзномаи «Шаҳриёр»-и шаҳри Ваҳдат ва публитсист Абдулвоҳид Оев соҳиби Ҷоизаи А. Лоҳутӣ гардиданд.
Ба номи Абулқосим Лоҳутӣ нисбат додани Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки ин шоири шаҳири тоҷик яке аз аввалин муҳаррирони рӯзномаи «Иди тоҷик» буд, ки дар баробари эҷодиёти ниҳоят ғановатмандаш дар рушди матбуоти тоҷик низ хизматҳои шоён намудааст. Дар давраҳои минбаъда низ аксари адибони маъруфи тоҷик ва аҳли қалам фаъолияти худро аз воситаҳои ахбори омма оғоз карда, бо онҳо ҳамкории доимӣ доштанд. Онҳо бо ҳамин роҳ дар рушди матбуоти миллӣ саҳми намоён гузоштаанд.