6 марти соли 2021 дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев бахшида ба Рӯзи Модар ва 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ҷумҳуриявии Фестивали «Чакомаи гесу» ҷамъбаст гардид.
Аз миёни 42 нафар иштирокчиёни озмун - духтарони дорои мӯйҳои дароз ба 13 нафари онҳо, ки дарозии мӯйҳояшон аз 1,50 см то 1,90 см-ро ташкил медод, сипоснома ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд. Ҳамчунин, ҷиҳати ширкати фаъолона ва баланд бардоштани завқи зебоипарастии духтарону бонувон ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, Турсунзода, Ваҳдат ва ноҳияи Рашту Тоҷикобод дар ҳаҷми ҳазор сомонӣ маблағ ва диплому сипосномаҳо тақдим гардид.
Фестивали «Чакомаи гесу» бо мақсади тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги тоҷик, муаррифии анъанаҳои неки ниёгон ва арзишҳои миллӣ, ҳамчунин тарғибу ташвиқи парвариши мӯй, ороишу пардози рӯй, ҳаракати мавзун, тарбияи муоширати духтарон, ҳунари волои машшотаҳо, эҳёи анъанаҳову маросими миллӣ, аз қабили мӯйбофон, зулфандозӣ, ҷамолакбандию кокулбофӣ ва ба ин васила рӯйи кор омадани корхонаҳои хурди истеҳсолии шонасозию оинасозӣ, кошонаҳои ҳусн ва талқини зебоипарастӣ роҳандозӣ мегардад.