Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 30 –солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб Фестивал – озмуни “Чакомаи гесу” баргузор гардид.
Бонувон чорабиниро нахуст аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ оғоз намуда, маҳсули њунари худро ба намоиш гузоштанд. Намоиши либосҳои миллии занона, кӯрпаю болишт, қуроқдӯзӣ, чакандӯзӣ, зару зевар, тоқӣ ва дигар афзорҳои бонувон, диққати тамошобинонро ба худ ҷалб намуд.
Оинҳои зебои мардумӣ, чун саршўёну арўсбаророн, мўйбофон ва намоиши ҳунари машшотаҳо ба чорабинӣ ҳусну таровати дигар бахшид.
Фестивали мазкур дар баланд бардоштани мақому манзалати зан, зебогии он, тарғиби сару либоси тоҷикӣ, матоъҳои миллӣ, дар бедор кардани ҳисси зебоипарастии занон, фарҳанги либоспўшӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ нақши бориз дошт.