3 марти соли равон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии занону ҷавондухтарон –омили рушди суботи ҷомеа» баргузор гардид, чунин иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар форуми мазкур Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва дигар меҳмонони воломақом ширкат ва суханронӣ намуданд.
Дар рафти суханронӣ таъкид гардид, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи занону духтарон ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо диққати ҷиддӣ зоҳир менамоянд ва дар ҳар мулоқот ва суханрониҳояшон мавқеи занону духтарон ва нақши созандаи онҳоро дар ҷомеа махсус таъкид намуда, дар сиёсаташон аз фаъолияти занону бонувон истифода мекунанд.
Гуфта шуд, ки қабул гардидани якчанд барномаҳои давлатӣ, дар сатҳи давлатӣ таҷлил гардидани Рӯзи Модар ва дигар рӯйдодҳо дар кишвар шаҳодат аз гуфтаҳои боло мебошанд.