1 марти соли 2021 аз таъсисёбии муассисаҳои давлатии телевизионҳои «Варзиш», «Синамо» ва «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» панҷ сол пур шуд. Аз маркази матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расонданд, ки вобаста ба ин, дар толори Академияи ВАО-и Тоҷикистон чорабинӣ бо иштироки муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Субҳиддин Шамсиддинзода, директорони муассисаҳои давлатии “ТВ Ҷаҳоннамо” Садриддин Шамсуддинзода, “ТВ Синамо” Набӣ Набизода, “ТВ Варзиш” Хуршед Файзуллозода, Академияи ВАО-и Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода кормандон ва собиқадорони соҳа баргузор гардид.
Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ифтитоҳ намуд. Сипас, як қатор кормандон ва собиқадороне, ки дар фаъолияти худ ба дастовардҳои намоён ноил гардидаанд, бо мукофотҳои соҳавии нишони «Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон» ва «Ифтихорнома» сарфароз гардонда шуданд.