2 марти соли 2021 вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мирвайс Ноб вохӯрӣ намуд, чунин иттилоъ доданд аз маркази матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд, махсусан равобити фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар асоси принсипҳои ҳамзистии осоишта пойдор гардида, ба манфиати мардуми ҳар ду кишвар ботадриҷ идома меёбанд.
Дар мулоқот таъкид карда шуд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи фарҳангии Тоҷикистон бо Афғонистон дар пояи меъёрҳои байналмилалӣ бо дарназардошти манфиатҳои тарафайн асос ёфта, ҳамасола тақвият меёбанд.