Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ва Муъминобод сохтмони якчанд иншоотҳои муҳим бомаром идома дорад. Қурбон Ҳакимзода - раиси вилояти Хатлон аз ҷараёни корҳои сохтмонии ин минтақаҳо дидан намуд. Нахуст аз майдончаҳои сохтмонии ҷамоати Зарбдор ва баъдан сохтмони маркази фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб шинос шуд.
Ифтитоҳи маркази илмии “Ҳамадоншиносӣ» дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб», аз ҷумла корҳои сохтмонии нахустин субъект — ҶДММ «Тоҷик Алмос» - бунёди корхонаи истеҳсоли ҳавотозакунакҳои равғанӣ ва ҳавоӣ, панҷарабандии ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодӣ бо дарозии 800 метр аз дастовардҳои минтақа маҳсуб меёбанд.
Раиси вилоят ҳамчунин аз фаъолияти кишоварзони хоҷагии деҳқонии ба номи Бобои Назари ҷамоати деҳоти Шамсиддини Шоҳини ноҳияи Муъминобод, ҷараёни корҳои барқарорсозии токзор дар мавзеи Ҷалоқи Ҷамоати деҳоти «Деҳибаланд»-и ноҳия ва аз барқарорсозии 200 гектар майдони токзори ин мавзеъ дидан намуд.
Ҷомӣ ЗАРИФЗОДА
шаҳри Кӯлоб