Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади тарғибу ташвиқи таъриу фарҳанг, суннату анъанаҳои ниёгон ва дигар арзишҳои неки миллӣ, дар дар Қасри фарҳанги ноҳияи Темурмалик фестивал – озмуни «Чакомаи гесу» баргузор гардид.
Фестивал дар саҳни Қасри фарҳанг аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла либосҳои миллии занона, кӯрпаю болишт, тоқиҳои занона, қуроқдӯзиву чакандӯзӣ, зару зевари занона оғоз ёфт. Дар ин ҷо ҳамзамон дастранҷҳои бонувон – рафидаю остинча, элак, суфра, дастархон, зарфҳои гуногунранг, матоъҳои миллӣ ва ғайра пешниҳод шудаанд, ки нишон аз ҳунари волов а тахайюли рангини бонувони ин диёр асит.
Ҳадаф аз баргузории фестивали «Чакомаи гесу» тарғибу ташвиқи зебоипарастии духтарону бонувон, қироати ашъори баландмазмун дар васфи зан, намоиши ҷозибаи гесу, сару либос, ороишоти миллӣ, нигоҳубини дасту рӯй ва ғайра иборат буд.
Дар ин чорабинӣ як зумра расму оинҳои мардуми тоҷик, аз қабили саршӯёну мӯйбофон, зулфандозӣ, ҷамолакбандию кокулбофӣ, чакандӯзӣ, ва дигар оину маросимҳои миллӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Фестивали мазкур аз рӯйи номинаҳои ороишу мӯйбофии қадимӣ, ҳунари машоттаҳо, саршӯёну арусбаророн, мӯйбофӣ, зулфандозӣ, ҷамолакбандӣ, майдабофӣ сурат гирифта, зебоӣ дар истифодаи унсурҳое чун кокул, пита, панҷак, пӯпак, силсила, зулф ва дигар анъанаҳои миллӣ мавриди эътибор қарор дода шуд.
Ҳамзамон дар ин фестивал, хурдсолону наврасон, духтарон ва бонувон бо мӯйҳои дарозу чеҳраи зебои миллӣ баромад намуданд.
Фестивали мазкур дар баланд бардоштани мақому манзалати зан, бедор кардани ҳисси зебоипарастии занон, тарғиби либос ва матоъҳои миллӣ аз қабили атласу шоҳӣ, чакану гулбаст ва баланд бардоштани завқи онҳо нисбат ба фарҳанги либоспӯшӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ нақши созгор касб намуд.
Ин чорабинӣ аз ҷониби ҳакамон, доираи васеи тамошобинон, аҳли зиё шоирону нависандагон, сарояндагон ва дигар иштирокдорон баҳои баланд гирифт.
Ҷомиӣ ЗАРИФЗОДА,
ноҳияи Темурмалик