Бо мақсади рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзҳои имтиёзнокро бо фоизи пасту муҳлати дароз ба деҳқонону кишоварзони мамлакат таҳти унвони «Кишоварз-2021» пешниҳод намудааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Мизоҷон, аз ҷумла бонувони кишоварз метавонанд бо шартҳои имтиёзнок маблағҳои қарзиро аз 3 то 500 ҳазор сомонӣ ва мутаносибан бо асъори хориҷӣ ба муҳлати аз 6 то 36 моҳ таҳти меъёри фоизи солонаи қарз бо пули миллӣ 18 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 8 фоиз дастрас намоянд. Меъёри фоизи моҳонаи қарз бо пули миллӣ 1,5 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 0,66 фоизро ташкил медиҳад, - иттилоъ медиҳад «Амонатбонк».
Пешниҳоди қарз ба деҳқонону кишоварзони мамлакат таҳти иқдоми «Кишоварз-2021» то 30 апрели соли 2021 идома меёбад.