Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода зимни нишасти матбуотии ин ниҳод, ки санаи 29 феврали соли 2020 доир гардид, иброз дошт, ки дар соли 2020 дар ҷумҳурӣ 23 ҳазору 460 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, 18 ҳазору 887 ҷиноят ошкор ва ба қайд гирифта шудааст. Шумораи ҷиноятҳо нисбат ба соли 2019 1464 ҳолат зиёд гардидааст, ки аз ин миён 83 фоизи он ошкор карда шудааст.
Ҳамчунин, дар соли 2020 тибқи маълумоти оморӣ аз ҷониби сохторҳои ВКД 1091 ҷинояти хусусияти терреристӣ-экстремистидошта ошкор ва 271 нафар аъзоёну тарафдорони ин равияҳо дастгир карда шудаанд. Таъкид гардид, ки дар ин давра аз тарафи ноболиғон 754 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2019 (873 ҷиноят) 119 ҳолат камтар мебошад.