Дар соҳаи гумруки мамлакат ҳамагӣ 123 нафар зан ва аз ин миён 11 нафари онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият менамоянд, чунин иттилоъ дод муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода зимни нишасти матбуотӣ, ки санаи 18 феврали соли 2021 баргузор гардид.
Қайд кард шуд, ки дар натиҷаи ноустувории вазъи молиявию эпидемиологӣ дар ҷаҳон дар соли 2020 нисбат ба соли 2019 воридоти молу воситаҳои нақлиёт ба кишвар дар маҷмӯъ ба маблағи 191,1 млн. доллари ИМА коҳиш ёфтааст.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки яке аз дастовардҳои асосии мақомоти гумрук дар давраи ҳисоботӣ он аст, ки шурӯъ аз 1 сентябри соли 2020 низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ» бо фарогирии 11 мақомоти ба низом шомилшуда мавриди истифодаи расмӣ қарор гирифт. Ҳамакнун дархост ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иҷозатномадиҳӣ ва сертификат, инчунин мубодилаи иттилоот байни сохторҳои ваколатдор тариқи электронӣ ба роҳ монда шудааст.