Санаи 10-уми феврали соли ҷорӣ раиси Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар соли 2020 348,5 ҳазор бонувон дар кишвар қарзҳои бонкӣ дастрас намуданд.
Ҳамчунин қайд гардид, ки ба ҳолати 31 декабри соли 2020 дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 69 адад ташкилотҳои қарзии молиявӣ, аз ҷумла 18 бонки анъанавӣ, 1 бонки исломӣ, 18 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 5 ташкилоти қарзии хурд ва 27 фонди қарзии хурд фаъолият менамоянд. Дар соли сипаришуда ҳаҷми умумии қарзҳои додашудаи ташкилотҳои қарзӣ 10,0 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019 4,7 фоиз ё ба маблағи 446,1 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Дар соли 2020 шумораи банкоматҳо ва терминалҳои электронӣ дар ҷумҳурӣ мувофиқан 1 281 адад ва 5 710 ададро ташкил намуда, дар муқоиса ба соли 2019 шумораи банкоматҳо 403 адад ва терминалҳои электронӣ 362 адад зиёд карда шудааст.