Истифодаи ғайримақсадноки 140 муассисаи томактабӣ
- Дар ҷумҳурӣ теъдоди муассисаҳои томактабӣ 678 адад буда, шумораи тарбиягирандагон 97 ҳазору 164 кӯдак мебошад. Дар робита ба амалӣ намудани «Барномаи давлатии рушди тарбия ва таълими томактабӣ барои солҳои 2012 – 2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар самти таъсиси Маркази инкишофи кӯдак корҳои муайян амалӣ шуд. Айни ҳол, дар ин марказҳо 49 ҳазору 332 кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Ва ҳанӯз ҳам муроҷиатҳо аз ҷониби шаҳрвандон барои ба муассисаҳои томактабӣ ҷалб шудани кӯдакон зиёд мебошад, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Вазир ҳамчунин аз сабабҳои норасоии муассисаҳои томактабӣ иброз намуд, ки дар замони шӯравӣ яслию боғчаҳои мавсимие, ки таҳти колхозу совхозҳо фаъолият менамуданд, барҳам хӯрда, соҳибмулкии онҳоро дигарон дар ихтиёр доранд.
- Баргардондан, барқарор намудан ва таъмири муассисаҳои томактабӣ ва ташкили шаклҳои гуногуни муассисаҳои томактабӣ ба зиммаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вогузор шудааст, - гуфт мавсуф.
Ба иттилои манбаъ дар маҷмӯъ, дар ҷумҳурӣ 140 ҳолати ғайримақсаднок истифода гардидани муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ вуҷуд дорад.