Вазъи риояи ҳуқуқи занон дар Муассисаи ислоҳии занонаи шаҳри Норак муътадил арзёбӣ гардида, алҳол, се зан бо се кӯдак дар муассисаи мазкур қарор доранд. Дар ин бора ваколатдорон оид ҳуқуқи кӯдак Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода рӯзи 4 феврал зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки ба хотири санҷиши вазъи занони маҳбасӣ ваколатдор аз муассисаи номбурда дидан карда, бо шароити кӯдаконе, ки бо мадаранд, ошно гардидааст.
Қайд гардид, ки дар муассисаҳои тарбиявї, литсейи махсуси касбї-техникї, мактаби махсуси ҷумҳуриявї, ки кӯдакони душвортарбияро ба таҳсилу омӯзиш фаро гирифтаанд, ягон навъи шиканҷа ошкор нагардидааст. Муносибати кормандон ва омӯзгорон бо ин кӯдакон некхоҳонаву дӯстона арзёбӣ гардид.