Дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ алҳол 22 адад марказҳои ташхиси бехатарии озуқаворӣ ва 65 адад озмоишгоҳҳои аввалия дар бозорҳои истеъмолӣ ва марказҳои калони савдо фаъолият менамоянд, ки ин миқдор басанда набуда, ҷиҳати зиёд намудани шумораи озмоишгоҳҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар ин бора раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода санаи 4 феврали соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иттилоъ дод.
Зимни нишаст зикр гардид, ки аз ҷониби мутахассисони озмоишгоҳҳои таъмини бехатарии озуқаворӣ дар бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ ҳамагӣ 1 079 234 адад ташхиси озуқаворӣ гузаронида шуда, аз ин ҳисоб тибқи талаботҳои байторию беҳдоштӣ маҳсулотҳои ба истеъмол ҷавобгӯ набуда ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок аз фурӯш боздошт ва нобуд карда шудаанд.
Дар ҷараёни нишаст ҳамчунин зикр гардид, ки фурӯшанда уҳдадор аст, ки маҳсулоти худро пеш аз ба фурӯш баровардан аз ташхиси озмоишгоҳ гузаронад ва соҳиби гувоҳнома гардида, дар асоси он фурӯшро амалӣ созад.