«Новобаста ба мушкилиҳои аз асари хуруҷи бемории ҳамагири COVID-19 дар соли 2020 –ум Сарраёсати молияи вилояти Хатлон бо раёсатҳои молияи шаҳру навоҳӣ ва дигар мақомоти дахлдор нақшаҳои пешбинишуда ва дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро сари вақт иҷро намуд», - иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ Бахтиёр Назарзода, сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон.
Ба гуфтаи манбаъ дар соли сипаригардида бо дарназардошти рушди иқтисодии вилоят иҷрои нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби даромадҳои худӣ 103 фоиз таъмин шуда, ба буҷет ба ҷои 1миллиарду 218,5 млн. сомонӣ маблағи пешбинишуда 1миллиард 256,2 млн. сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 37,7 млн. сомонӣ зиёд аст.
Зимни посух ба суолҳои хабарнигорон сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон изҳор дошт, ки соли гузашта иҷроиши нақшаи даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоии корхонаҳои буҷетӣ 100 фоиз таъмин шуда, ҳаҷми воридоти маблағҳо ба 347,8 млн. сомонӣ баробар гардид. Дар ин давра 1 миллиарду 584 млн. сомонӣ маблағҳои буҷетӣ ба соҳаҳои иҷтимоиёт, аз ҷумла, маориф 1074 млн. сомонӣ, тандурустӣ 491 млн. сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ 12,8 млн. сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 6,8 млн. сомонӣ равона карда шудааст.