Азим Иброҳим:
- Соли 2020 187,1 км роҳ, 5 купрӯк бо дарозии 193 м ва 2 қубур бо дарозии 21 м аз офатҳои табиӣ хароб гардиданд, ки маблағи зарари он ба маблағи 2,1 млн. сомонӣ баробар мебошад. Дар мавзеъҳои зарардида бо истифода аз ҳамаи манбаҳои молиявӣ ба маблағи 243,5 ҳазор сомонӣ корҳои барқарорсозӣ аз љониби муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳру ноҳияҳои љумҳурӣ ба сомон расонида шуд, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ вазири нақлиёти љумҳурӣ Азим Иброҳим.
Мавсуф қайд кард, ки соли гузашта 917,3 км роҳ, 171 пул бо дарозии 4721 м, 166 қубур бо дарозии 1746 м аз таъмир бароварда шуда, дар 11316,3км таъмири љорӣ гузаронданд.
Вазир зикр намуд, љиҳати нигаҳдории роҳҳои автомобилгард, нақбҳо ва таљдиду сохтмони роҳҳо, ки бо љалби лоиҳаҳои сармоягузорӣ сурат мегиранд, дар раванди татбиқи амалишудаистодаи он аксаран мутахассисону коргарони љумҳурӣ (82,7 фисад) ба кор сафарбар шудаанд.