Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ алҳол дар шуъбаи магистратура 290 нафар таҳсил менамоянд, ки аз ин шумора 109 нафарро бонувон ташкил медиҳанд. Дар зинаи таҳсилоти доктор (PhD) дар маҷмӯъ 99 нафар ба таҳсил ва пажӯҳиши корҳои илмӣ машғуланд, ки аз ин миён 17 нафарашон бонувон мебошанд. Чунин иттилоъ дод ректори донишгоҳи мазкур зимни нишасти матбуотӣ, ки санаи 2 феврали соли ҷорӣ баргузор гардид.
Аз теъдоди умумии донишҷӯёни шуъбаи рӯзона, ки 8416 нафарро ташкил медиҳанд, 800 нафар тариқи квотаи президентӣ таҳсил менамоянд, ки 491 нафари онҳо духтарон мебошанд. Ҳамчунин, дар донишггоҳ 96 нафар донишҷӯи эҳтиёҷманд ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки 43 нафарашон ятимони кулл, 21 нафар маъюбони гурӯҳи якум ва 32 нафар маъюбони гурӯҳи дуюм буда, 13 нафари онҳо духтарон мебошанд. Ҳар моҳ аз ҳисоби маблағҳои махсуси донишгоҳ ба онҳо дар ҳаҷми 100 сомонӣ кӯмакпулӣ пардохт карда мешавад.
Роҳбарияти донишгоҳ тасмим дорад, ки минбаъд низ ба масъалаи ба корҳои илмӣ ҷалб кардани ҷавондухтарон ва минбаъд дар зинаи таҳсилоти доктор (PhD) сафарбар намудани онҳо чораҳои зарурӣ хоҳанд андешид.