Ҷумъа Далер Шофақир:
Зимни нишасти матбуотӣ дар Ҷумъа Далер Шофақир, Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки дар соли гузашта муштариёни дохилӣ дар маҷмӯъ ба маблағи 2 млард. 815, 8 млн. сомониро барои истифодаи нерӯи барқ падохт намуданд. Вале бо сабабҳои маълум баъзе истифодабарандагон маблағи истифодаи нерӯи барқро саривақт пардохт накардаанд. Аз ин лиҳоз, қарзи дебитории ШСХК «Барқи тоҷик» дар соли 2020 аз ҳисоби истифодабарандагони нерӯи барқ ва гармӣ ба 3052,0 млн. сомонӣ баробар гардид.
Ҳамчунин, вазир дар бораи фаъолияти нерӯгоҳҳои барқии обӣ, ки имрӯз адади онҳо ба 284 расидааст, қайд кард: «Дар баробари барқистеҳсолкунандагони мустақили кишвар, ки дар таъмини нерӯи барқ саҳм доранд, НБО – и хурд низ бо иқтидори то 4 300 кВТ фаъолият мекунанд, ки истеҳсоли нерӯи барқи онҳо соли гузашта ба 17, 6 млн. квт баробар буд».