- Дар соли 2020 бо дахолати прокуророн ҷиҳати баргардондани пасандозҳои мизоҷон ба манфиати бонкҳо 423 млн. сомони зарар барқарор карда шуд, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ Прокурори генералии ҷумҳурӣ Раҳмон Юсуф Аҳмадзод.
Ҳамчунин қайд кард, ки Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ ҳангоми санҷиши ҳолати иҷрои қонунгузорӣ «Дар бораи бонк ва фаъолияти бонкӣ» низ қонунвайронкуниҳои зиёдеро дар фаъолияти кормандони бонкҳо муайян намуд. Қонунвайрониҳои зикршуда дар 39 ҳолат аз ҷониби кормандони бонкҳо, дар 148 ҳолат аз тарафи саррофони ғайриқонунӣ ва 200 ҳолат аз ҷониби шахсони алоҳида ошкор карда шуд. Нисбати 18 нафар кормандони бонкҳо бинобар даст доштанашон бар ҷиноят парвандаҳои ҷиноятӣ боз карда шуд.