Имрўз дар идораи рўзномаи «Халќ овози» барои дўстдорони илму фарњанг ва маънавиёт маросими ифтитоњи китобхонаи «Дўстї» баргузор гардид. Теъдоди китобњои гирдовардашуда дар ин кохи фарњанг алҳол беш аз 1000 нусхаро дар бар мегирад. Роњбарияти идора тасмим дорад, ки дар рўзњои наздик аз адабиёти бадеии адибони тољику ўзбек ҳудуди 3000 нусха китоби дигарро ба хазинаи китобхона зам намояд.
- Њадаф аз ташкили китобхона фароҳам сохтани дастрасии бештари мардум ба китобҳо ва љалби хонандагон ба мутолиаи адабиёти ғании ниёкон мебошад, - мегўяд Ёќубљон Абдуманонзода, сардабири рўзномаи «Халќ овози».
Истифода аз адабиёти китобхонаи мазкур ба таври озод ба роҳ монда шуда, дилхоҳ ҳаводорони адабиёт ва каломи бадеъ метавонанд аз мутолиаи асарњои љамъовардашудаи китобхона баҳравар гарданд.