Расулӣ Самия Абдуғанизода-хурдсолтарин иштирокчии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ҳисобида мешавад. Самия 5 сол дошта, тарбиятгирандаи кӯдакистони рақами 33-и шаҳри Хуҷанд аст. Ӯ барои иштирок дар озмуни мазур 2000 мисраъ шеъри аз ашъори Мирсаид Миршакар, Алӣ Бобоҷон, Муҳаммад Ғоиб, Ҷӯра Ҳошимӣ, ҳамчунин ғазалҳои адабиёти классики халқи тоҷикро аз ёд намудааст. Дар ин баробар чистону зарбулмасалҳо, афсонаву тезгӯякҳо ва латифаҳои зиёдеро медонад.
Модари Самия Рухсора Раҳмонова, саркитобшиноси китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи А.Шукӯҳӣ буда, падараш соҳибкор аст.
Мувофиқи иттилооти Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Самияро дар ин озмун бибияш ҳамроҳӣ намудааст. Бино ба гуфти бибиаш Самия китоби Алифборо бо ҳиҷо мехонад, вале шеърро аз забони модару бибияш аз ёд мекунад.
Ӯ дар даври вилоятӣ сазовори ҷойи сеюм шудаву ба пойтахт роҳ ёфтааст.