Бо ин ном китоби наве бо сифати баланд дар нашриёти «Ганҷи хирад» аз чоп баромад.
Китоби мазкур бо дастгирии раиси ноҳияи Нуробод, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҳасан Дӯстзода рӯи чоп омадааст. «Нуробод» барои хонанда аз таърихи ноҳия, таъсисёбӣ ва рушди он дар замони давлатдории ҳукумати шӯравӣ ва солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз рӯзгори чеҳраҳои номдор, ки дар солҳои гуногун барои пешрафти ноҳия, минтақа ва ҷумҳурӣ саҳм гузоштаанд, шахсиятҳои таърихиву фаъолони имрӯзи ноҳияи Нуробод маълумот медиҳад.
Ба гуфти муаллифон Санг Раҳмонов ва Азизбек Раҳмонов китоб армуғонест ба муносибати Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 85 солагии таъсисёбии ноҳияи Нуробод.