Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 279 учаска ва 8 ҳавзаи интихоботӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз Мурғоб то Дарвоз бо дастҷамъӣ ва ширкати фаъоли интихобкунандагон баргузор гардид. Дар шаҳру ноҳияҳо интихобкунандагон аз субҳи барвақт гурӯҳ - гурӯҳ барои изҳори раъйи худ ба участкаҳои интихоботӣ ҳозир шуда, дар бисёр участкаҳо ҳатто навбатпойӣ мушоҳида мешуд. Субҳи барвақт садои даф аз оғози боз як рӯзи хурсандӣ ва шоду нишоти муҳим ва тақдирсоз дар ҳаёти мамлакат мужда дода, созу суруд дар гӯшаҳои шаҳр ва деҳоти ноҳияҳо то шом танинандоз буд.
Мавқеи фаъоли интихобкунандагон ва ҷолиб будани маъракаи пешазинтихоботӣ боис гардид, ки то соати 15:00 қариб дар ҳамаи участкаҳо 75 - 80 дарсади интихобкунандагон ба тарафдории яке аз номзадҳои дилхоҳи хеш овоз доданд. Барои овоздиҳӣ дар қитъаҳои интихоботӣ дар вилоят 111534 нафар интихобкунанда ва аз ин ҳисоб 1777 нафар ҷавононе, ки бори аввал дар интихобот иштирок мекунанд, номнавис шуда буданд.
Ширкати фаъол ва дастҷамъонаи раъйдиҳандагон дар интихобот бахусус дар Хоруғ - маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба мушоҳида мерасид. Ба иттилои раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии Хоруғ № 18 Силкабек Одинаев дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 ҳазору 736 интихобкунандаи шаҳр, ё 98, 6 фоизи интихобкунандагон ширкат варзиданд. Шумораи овозҳо пас аз баста шудани участкаҳои интихоботӣ ва ҷамъбасти натиҷаҳои овоздиҳӣ дар участкаҳои ҳавза нишон доданд, ки 96, 1 фоизи интихобкунандагон ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон раъй доданд.
Ба ҷонибдории номзадҳо аз аҳзоби коммунист - 0,83 фоиз, сотсиалист - 0,48 фоиз, аграрӣ - 0,51 фоиз, ислоҳоти иқтисодӣ-0,005 фоизи интихобкунандагон овоз доданд.
Ба ақидаи яке аз интихобкунандагон, сокини шаҳри Хоруғ Ақлимо Шоалифова дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ дастовардҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ рӯйи кор омаданд, аммо мардум дастоварди бузургтарини ин давраро сулҳу амният ва зиндагии осоиштаву созанда мешуморад, ки бо шарофати Эмомалӣ Раҳмон барқарор ва қоим гаштанду ин сабаби асосии маҳбубияти ин номзад байни интихобкунандагон аст.
Овоздиҳӣ дар ҳавзаи интихоботии Шуғнон рақами 25 низ хеле мутташаккилона сурат гирифт. Дар ҳавза нахуст участкаи интихоботии Раҳмонобод аз анҷоми овоздиҳӣ мужда дод. Тавре шумораи овозҳо нишон дод, интихобкунандагони деҳа 100 фоиз ба чонибдории Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд. Сокини солманди деҳа Гулбаҳор Саиднақиева гуфт:
- Мо дар интихоби Президенти худ ба тарғибу ташвиқ эҳтиёҷ надоштем.Чанд сол пеш бар асари сел хонаву дар ва чизу чораамонро пурра аз даст додем. Бовар нокарданӣ буд, вале маҳз бо ҳидоят, кумаку дастгирӣ ва иштироки бевоситаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бароямон дар муддати кӯтоҳ манзилҳои нав тақдим намуданд, ки бо тамоми чизу чораи зарурии рӯзгор таъмин буд. Мо аз Эмомалӣ Раҳмон сипосгузогузорем.
Интихобкунандагон изҳор доштанд, ки онҳо барои шукронаи истиқлолият, сулҳу амният, сериву пурӣ, созандагиву ободонии кишвари азиз Тоҷикистон ба ҷонибдории номзади арзанда овоз додаанд.
М. Шоҳҷамол,
шаҳри Хоруғ