Чунин иброздошт вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Муҳаммадюсуф Имомзода зимнинишасти матбуотии ин ниҳод санаи 17 июли соли 2020.
Қайд гардид, ки оид ба масъалаи ба фаъолият пардохтани муассисаҳои томактабӣ шаҳрвандони зиёд ба вазорат муроҷиат намудаанд. Чунин вазъият боиси нигаронии бонувоне, ки дар ниҳодҳои гуногуни давлатӣ ва дигар сохторҳо фаъолият менамоянд, гардидааст.
- Айни ҳол мо дар мувофиқа бо ситоди ҷумҳуриявӣ алайҳи мубориза бо СOVID-19 ин масъаларо омӯхта истодаем. Бо сабаби хурӯҷи мавҷи дуюми бемории коронавируси нав ин масъала дар рӯзҳои наздик ҳалли худро намеёбад, - ибрознамуд вазир. Дар робита ба ин таъкид гардид, ки дар як ҷо ҷамъомадани кӯдакони зиёд аз нигоҳи беҳдоштӣ сиҳатии онҳо зери хавф қарор мегирад. Ва бо аввалин нишонаҳои беҳбудии вазъият дар самти пешгирӣ аз коронавирус ҳатман дари боғчаҳо рӯи кӯдакон боз хоҳанд шуд.
Дар ин радиф таъки дгардид, ки соли нави хониш барои мактаббачагон аз 17 августи соли ҷорӣ шурӯъ мегардад.