Вазири кишоварзии мамлакат Амонулло Салимзода зимни нишасти матбуотӣ санаи 13.07.2020 хабар дод, ки дар шашмоҳи аввали соли 2020 аз Тоӌикистон 96 447 тонна маҳсулоти растанипарварӣ ба маблағи 12 650 692 доллари ИМА содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, аз рӯи ҳаӌм 33,6 % зиёд мебошад. Бахусус, содироти пиёз 77621 тонна, меваи ситрусӣ 229 тонна, меваи хушк ва чормағзмева 9429 тонна ва гелос 418 тонна зиёд гаштааст.
Дар ин муддат дар ҳамаи шаклҳои хоӌагидории ӌумҳурӣ ҳаӌми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 9393,8 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,2 % зиёд мебошад. Қайд гардид, ки ӌиҳати аз малах эмин нигоҳ доштани зироатҳои кишоварзӣ ба миқдори 23 000 литр заҳрдору, 667 техника ва дигар воситаҳои муҳофизатӣ ӌудо гардида, дар мубориза бар зидди малах 1000 нафар қувваи корӣ сафарбар карда шуд.