Субњи 10-уми июл Пешвои миллат, Президенти Ӌумҳурии Тоӌикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маӌлиси миллии Маӌлиси Олии Ӌумҳурии Тоӌикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе эстакадаро ифтитоҳ карданд.
Дар доираи лоиҳа корҳои азнавсозии роҳ бо назардошти сохтмони чорроҳаи сесатҳа, сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ аз ду тарафи хиёбони Нусратулло Махсум бо хиёбони Сино иӌро гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки дарозии роҳ аз буриши хиёбони Сино то дарвозаи ғарбии пойтахт 4,9 километрро ташкил медиҳад. Паҳноии роҳ ба 68 метр расонида шуда, то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе 8 хати ҳаракат дар роҳи асосӣ бунёд гардид. Дар ин баробар сохтмони 4 хати иловагӣ барои ҳаракати нақлиёти ӌамъиятӣ низ сохта шуд, ки ин иқдом минбаъд рафтуои бемамониати тамоми навъи нақлиётро дар ин самт таъмин карда, тамбашавии мошинҳоро аз байн мебарад.
Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи сеқабата бо нишонаҳои роҳ ва хатандозиҳо танзим мегардад. Баробари анӌоми дигар корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи эстакада ҳамчунин такядеворҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ бунёд шудааст.
Ҳангоми иӌрои корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти транзитӣ беш аз 200 нафар бо ӌойи кор ва маоши хуб таъмин буданд, ки наздики 80 дарсади онҳоро мутахассисони варзидаи маҳаллӣ ташкил медоданд.
Мавриди зикр аст, ки амалишавии тарҳи мазкур ба ҳаракати бемамониати нақлиёти транзитӣ, ӌамъиятӣ ва боркашонӣ мусоидат карда, ҳамчунин рафтуои бехатари пиёдагардонро дар ин қитъа таъмин менамояд ва чунин роҳҳои чандқабата бори аввал дар Тоӌикистон сохта шуд.
Лоиҳаи мазкур аз ӌониби Ҳукумати Ӌумҳурии Тоӌикистон, Бонки аврупоии таӌдид ва рушд ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ татбиқ шуд. Дар лоиҳаи сохтмони эстакада 5 роҳи зеризаминӣ низ бо дарозии умумии 236 метр барои роҳгузарон бунёд шудааст.
Ин дуввумин эстакада дар шаҳри Душанбе мебошад. Эстакадаи нахустин дар буриши хиёбони ба номи Бобоӌон Ғафуров ва Нусратулло Махсум ду сол қабл мавриди истифода қарор дода шудааст.