Нақшаи дурнамои кишти картошка дар ноҳияи Лахш барои соли ӌорӣ 6000 гектар муайян карда шуд. Дар ин бора муовини аввали раиси ноҳияи Лахш, Ато Ӌурабеков иттилоъ дод. Ба иттилои номбурда кишоварзони ноҳия ҷиҳати иҷрои дурнамои соҳаи кишоварзӣ бо истифодаи оқилонаи замин, аз ҷумла қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои деҳқонию ёрирасон, талош доранд нақшаи дар наздашон гузоштаро 100% иӌро намоянд.
Ба нақша гирифта шудааст, ки картошкапарварони ноҳия имсол бо 10 407 тонна тухмии хушсифат таъмин гардиданд. Имрӯзҳо деҳқонони ноҳия аз рӯзҳои офтобӣ самаранок истифода бурда, то 8 - уми июн дар маљмӯи ҳама шаклҳои хољагидорї дар майдони 5 560 гектар картошка кишт намуданд, ки ин 92% дурнамои кишти солонаро ташкил медиҳад.
Ёдрас мешавем, ки соли гузашта деҳқонони лахшӣ дар маӌмӯъ дар майдони 4 ҳазору 686 гектар картошка кишт намуда, зиёда аз 100 ҳазор тонна аз ин маҳсулот ба даст оварданд.