Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иӌтимоии аҳолии Ӌумҳурии Тоӌикистон иттилоъ дод, ки то шоми 7 июн дар Тољикистон 4529 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардид, ки шабонарӯзи гузашта 76 ҳолати нави сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст. Теъдоди шифоёфтагон 2673 нафарро ташкил дода, то имрӯз шумораи фавтидагон 48 нафар гуфта мешавад.
Манбаъ мегӯяд, то 7 июн дар мамлакат 1186 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 185 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ӌумҳурии Тоӌикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иӌтимоии аҳолӣ айни замон ӌиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.