Гурӯҳи калони табибони Полша, ки иборат аз 16 нафар мебошанд ба шаҳри Душанбе ташриф овард. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иӌтимоии аҳолӣ хабар медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ гурӯҳи мазкурро ҳамчунин се нафар коршиносони Созмони умумиӌаҳонии тандурустӣ (СУТ) ҳамроҳӣ менамоянд.
«Дар назар аст, ки гурӯҳи табибони Полша ба манотиқи гуногуни Тоӌикистон сафар карда, тайи як моҳ дар беморхонаву муассисаҳои табобатии мамлакат бо табибони тоӌик табодули таӌриба намоянд», - омадааст дар хабари вазорат.
Ёдрас мешавем, ки баъд аз ташрифи ҳайати техникии СУТ ба Тоӌикистон 1-11 майи соли равон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иӌтимоии аҳолӣ аз ӌониби коршиносони Бюрои минтақавии СУТ ҳисобот ва тавсияҳо пешниҳод гардиданд. Яке аз он тавсияҳо даъвати гурӯҳҳои сайёри фавқулодда бо мақсади фаъолияти якӌоя бо мутахассисони соҳаи тандурустии Тоӌикистон буд.