Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то имрӯз, 2 июни соли равон дар мамлакат 1612 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 393 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.
Ҳамзамон, то соати 17:00 дақиқаи 2 июн дар кишвар 4100 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 2217 (54%) нафар шифо ёфтаанд. Манбаъ мегӯяд, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 47 нафар фавтидаанд.
Ёдовар мешавем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.