Бемории сироятии коронавируси нави COVID-19, ки имрўзҳо тамоми ҷаҳонро фаро гирифтаву пандемия эълон гаштааст, дар Тоҷикистон низ дар ҳоли доман густурдан қарор дорад. Тарзи дурусти истеъмоли ғизо дар ин марҳилаи ҳассос аз манфиат холӣ нест ва марбут ба ин, бо Зулфия Абдураҳмонова - муовини директори Маркази ҷумҳуриявии ғизои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбате анҷом додем.
- Дар давоми даҳсолаҳои охир илм ба масъалаи ғизо таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамояд ва аз солим будани он ҳарф мезанад.
- Дуруст аст. Сиҳатии рӯҳу тани инсонро бе ғизо тасаввур намудан ғайриимкон аст. Ғизо омили асосии таъмини саломатӣ ба шумор меравад ва он нишондиҳандаи пешрафти иҷтимоию иқтисодӣ кишвар низ мебошад. Аммо баъзан ғизо сабаби пайдоиш ва инкишофи бемориҳо низ буда метавонад. Мутобиқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ то 80 %-и сабаби бемориҳо аз вайроншавии таркиби ғизо ё худ аз ғизои нодурусту носолим истеъмо кардан мебошад, ки ин ҳолат назди соњаи тиб масъалаҳои зиёдро пеш мегузорад.
-Кадом бемориҳо аз истеъмоли ғизои носолим рӯ мезананд?
- Илм исбот намудааст, ки ғизо дар инкишофи як қатор бемориҳо, бахусус бемориҳои ғайрисироятӣ (гипотрофия, ҷоғар, камхунӣ, фишорбаландӣ, диабети қанд, фарбеҳӣ, саратон ва ғайра) таъсири зиёд дорад, дар ин поя ҳодисаҳои фавт низ кам нестанд. Ба маънии дигар, аз меъёр кам ё зиёд истеъмол намудани ғизо боиси инкишофи бемориҳо гашта, аз як тараф дар ҳуҷайраҳо тағйиротҳои хос ба амал меорад, аз тарафи дигар ба ҷараёни мубодилаи моддаҳои ғизоӣ (ҷаббиш, ҳосилшавии дигар моддаҳо, гузариш, ғизогирии ҳуҷайраҳо ва ғайра) таъсири манфӣ мерасонад.
Истеъмоли маҳсулоти хўроквории гуногун шарти асосии ғизои солим аст, ки дар онҳо моддаҳои гуногуни ғизоӣ мавҷуданд ва шароити хуб барои таъмин намудани талаботи бадан ба онҳо имконпазир мегардад. Ягон гурўҳи маҳсулоти ғизоӣ, масалан меваю сабзавот, маҳсулотҳои гӯшту шир, ярмаҳо ва ғайра наметавонанд ба пуррагӣ ҷисми инсонро ба моддаҳои ғизоӣ таъмин созанд. Ташхиси таркиби гурўҳҳои гуногуни маҳсулоти хўрокворӣ нишон медиҳад, ки ҳар як гурўҳи маҳсулоти хўрокворӣ миқдори муайяни моддаҳои ғизоии ба худ хосро дорад, вале на ҳама он чӣ, ки ба одам зарур аст.
Аз ин рў, танҳо якҷояшавии гурўҳҳои маҳсулоти хўрокворӣ метавонанд маҷмўи моддаҳои ғизоии ивазнашавандаро, ки барои ҷисми одам лозим аст, фароҳам оранд. Гуногунии ғизо (зиёд намудани номгўйи маҳсулоти хўрокворӣ) дар асоси андешаҳои илми имрўза доир ба тарзи дурусти истеъмоли ғизо пешниҳод шудааст.
-Барои баланд бардоштани бунияи инсон чӣ бояд кард?
- Мафҳуми ғизогирӣ ниҳоят васеъ буда, ғайр аз таъмини ҷисм бо моддаҳои ғизоӣ ва нерубахшӣ, пешгирӣ ва табобати бемориҳо омили робитаи байни одамон низ ба шумор меравад. Барои инкишофи ҷисми инсон, рушди мутаносиб, устувории организм ба инфексияҳо ва дигар омилҳои номусоиди муҳити атроф ғизо нақши муҳимро мебозад. Дар ҳолати истеъмоли ғизои мусоид (дуруст, солим, мувофиқ) шахс метавонад то охири умр саломатиашро нигоҳ дорад. Барои баланд бардоштани бунияи инсон бояд ғизои солимро интихоб намуда, фаъолияти ҷисмонӣ, тамринҳоро иҷро намояд.
-Метавод гӯед, ки ба номгӯи ғизои солим кадомҳо шомиланд?
- Бештар меваю сабзавот, ғалладонагиҳо, гӯшт, шир ва маҳсулотҳои камравғанро мебояд истеъмол фармуд. Намакро дар як шабонарӯз на зиёда аз 5 грамм ва аз навъи йодноккардашуда истеъмол кардан зарур аст.
Миқдори истеъмоли маҳсулотҳои қаннодӣ ва шириниҳоро маҳдуд сохта, инчунин аз истифодаи зиёди намак худдорӣ мебояд кард.
Фарзона