Магар гидроксихлорохин таъсирбахш аст?
Роҷеъ ба таъсирбахшии доруи гидроксихлорохин, ки пешниҳоди нави доруи хлорохин асту барои муолиҷаи вараҷа, баъзе сироятҳои протозоидӣ, артрити ревматоидӣ ва бодхӯрдагии сурх (як навъ бемории пӯст) пешбинӣ шудааст, имрӯзҳо сару садоҳо баланд гаштааст, ки гӯё давои таъсирбахштарин бар зидди бемории COVID-19 мебошад.
Қатъи назар аз изҳороти СҶТ, ки роҷеъ ба таъсирбахшӣ ва бехатарии гидроксихлорохин ҳанӯз далеле бар даст надорад, президенти ИМА Доналд Трамп дар брифинг хабар дод, ки бо мақсади пешгирӣ аз коронавируси нав ба истифодаи ин дору дастур додааст. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз моҳи апрел Идораи назорати санитарӣ бар сифати маҳсулоти озуқа ва дорувории ИМА (FDA) гуфта буд, ки аз бехатарӣ ва таъсирбахшии ин дору бар зидди коронавирус ҳанӯз далеле ба даст надорад.
Гидроксихлорохин, ки назар ба хлорохин камтар ба заҳролудшавӣ меорад, таъсири амиқи зиддивирусӣ ва зиддиилтиҳобиро доро мебошад. Ҳардуи ин дору метавонанд бемориҳои аритмия ва тахикардияро бахусус дар маризони гирифтори бемориҳои дилу рагҳо ба вуҷуд оранд. Дар ин хусус FDA низ қаблан хабар дода буд.
Тибқи тадқиқоте, ки дар ИМА гузаронда шуд, 368 маризе, ки дар беморхонаи ветеранҳо аз СOVID-19 табобат мегирифтанду доруи гидроксихлородинро истифода мебурданд, назар ба дигар беморони ин маризӣ, ки аз табобати муқаррарӣ гузаштаанд, бештар фавтидаанд.
Ноиби Президенти Ҷамъияти байналмилалии тадқиқот дар самти доруҳои зиддивирусӣ профессор Кэтрин Сели-Радтке дар сомонаи sciencealert.com навиштааст, ки ба хлорохин бе ҳеҷ далели таъсирбахшӣ ба бемории СOVID-19 таваҷҷуҳи барзиёд зоҳир мегардад. Муҳимтар аз ҳама, он метавонад таъсири манфии бештаре дошта бошаду одамонро бардурӯғ ба сиҳатӣ умедвор созад. Манбаъ: ВВС