Бузургдошти Рӯзи Модар
Бахшида ба Рўзи Модар бо иштироки раиси шањри Душанбе Рустами Эмомалї дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» барномаи бошукўњи фарњангї доир гардид. Дар он таќрибан 400 нафар бонувон, фаъолзанон, кормандони сохторњои љумњуриявию шањрї ва намояндагони ќишрњои гуногуни љомеа иштирок намуданд.
Раиси шањри Душанбе Рустами Эмомалї тамоми бонувонро ба ифтихори ин санаи фархунда, ки дар оѓози фасли зебои бањор ва арафаи соли нави аљдодї таљлил мегардад, самимона табрик намуда, ба онњо саломативу хушбахтї ва хона ободиву саодати рўзгор орзу намуд.
Таъкид гардид, ки маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Душанбе дар доираи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулњу вањдати миллї — Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон масъалаи таъмини њуќуќу манфиатњои занону модаронро њамеша дар маркази диќќат ќарор дода, љињати бењтар гардондани вазъи иљтимоии занону модарон, њифзи њуќуќи оила ва модару кўдак, фароњам овардани шароити мусоиди зиндагиву корї барои бонувону модарон ва муњимтар аз њама, њарчи бештар ба раванди идораи давлат љалб намудани онњо ва баланд бардоштани наќши иљтимоии занону бонувон њамаи тадбирњои заруриро амалї намуда истодааст.
Иттилоъ дода шуд, ки њоло дар шањри Душанбе 70 њазор нафар бонувон дар сохторњои гуногуни давлатї, аз љумла 30 њазор нафар дар соњаи тандурустиву маориф фаъолият доранд ва беш аз 30 фоизи онњо мансабњои роњбарикунандаро ишѓол мекунанд.
PS: Бахшида ба Рўзи Модар ва Иди байналмилалии Наврўз бо ќарори раиси шањри Душанбе љињати њавасманд намудани занони раёсатњои истифодабарии роњњо, муассисањои давлатии боѓњои фарњангї-фароѓатии шањр, бонувоне, ки дар тозаву озода нигоњ доштани шањру маќомоти шањрдорї сањм мегузоранд, 3 миллиону 192 њазор сомонї маблаѓ људо гардид.