Санаи 4 марти соли ҷорӣ дар осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ифтитоҳи намоиши «Симои зан – модар дар асарҳои мусаввирони Тоҷикистон» баргузор гардид. Зиёда аз 40 адад офаридаҳои мусаввирон ва ҳайкалтарошони қарни ХХ-и кишвар, ки ҳар яки он нақши зани тоҷикро дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ инъикос намудаанд, аз фонди захиравии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд.
Асарҳои нодири рассомони барҷастаи Тоҷикистон А. Ҳайдаров «Симои Гуландом Сафаралиева», «Симои М. Исоева дар нақши Гертруда аз намоиши Ҳамлет», И. Лисиков «Симои Зебунисо Рустамова», М. Зубреева «Симои Туҳфа Фозилова», О. Юсупов «Симои Г.Сафиева», Е.Носик «Симои муҳаррири маҷаллаи «Занони Тоҷикистон» Муҳиддинова Х. (с.1964) ва ғайра манзури тамошогарон гардид.
Ба гуфти ташкилкунандагон намоиши мазкур то санаи 30 марти соли 2020 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон идома меёбад.