Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нафароне, ки синнашон аз 100-сола зиёданд, 108 нафарро ташкил медиҳанд, ки 50 нафари онҳо сокинони пойтахт мебошанд. Ин нуктаро Гулнора Ҳасанзода, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 13 феврали соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ қайд намуд.
Ба ҳисоби оморӣ умри миёнаи аҳолии кишвар 75 солро ташкил медиҳад. Афзоиши табиии аҳолӣ дар соли 2019 нисбат ба соли 2018 0,6 фоиз зиёд шуда, 197,9 ҳазор нафарро ташкил додааст. Шахсони фавтида дар соли 2019 дар муқоиса ба соли 2018 2,6 фоиз зиёд шуда, 33,1 ҳазор нафарро ташкил намуд.
Ҳамчунин, шумораи никоҳи бақайдгирифтаи САҲШ дар соли 2019 дар миқёси ҷумҳурӣ 4,0 фоиз кам гардида, шумораи талоқҳо 12503 воҳидро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 13,7 фоиз (1503 воҳид талоқ) зиёд аст. Шумораи бештари талоқ дар вилояти Суғд (4272 ҳодиса) ба қайд гирифта шудааст.