Шумораи довталабоне, ки соли 2019 ҳамчун ятими кул барои гирифтани имтиёз дар имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ номнавис шудаанд, ҳамагӣ 272 нафарро ташкил додааст, ки аз ин 220 нафарашон донишҷӯй гардидаанд. Ин нукта зимни нишасти матбуотии Маркази миллии тестӣ садо дод.
- Ба натиҷаи имтиҳонҳои ятимони кул, бепарасторони то 21 сола, маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2 бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ 150 хол ҳамчун имтиёз илова карда мешавад. Фарзандони то 21- солаи хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми иҷрои уҳдадории ҳарбӣ ҳалок гардидаанд, ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва озмуну фестивалҳои бадеиву эҷодии байналмилалӣ низ соҳиби имтиёз дар ҳаҷми 100 хол мегарданд, - иброз дошт Мирзошариф Шодиев, сардори шӯъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии марказ.
Қайд гардид, ки аз чунин имтиёзҳо довталабоне ҳам бархурдоранд, ки ду соли пурра хизмати ҳарбиро дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адо кардаанд. Ба онҳо 75 холи имтиёзӣ дода мешавад.