- Соли 2019 Кумита ба 1021 муроҷиати шаҳрвандон оид ба номгузории фарзанд ва номивазкунӣ хулоса пешниҳод намудааст. Аз ҷумла, ба 373 ном хулосаи рад, 480 ном хулосаи дастгирӣ пешниҳод намуд, ки ин номҳо низ дар фурсати наздик ба феҳристи номгузорӣ ворид мегарданд – иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Олимҷон Муҳаммадҷонзода.
Ба иттилои манбаъ номҳое ба феҳристи номҳои тоҷикӣ ворид мешаванд, ки ба номгузории забони тоҷикӣ мувофиқ бошанд.
- Шаҳрвандон бо дархостҳое барои номгузорӣ ба фарзандон муроҷиат мекунанд, ки умуман ба фарҳангу забони мо бегона аст. Тақлид ба номҳои туркии аз кинофилмҳо гирифташуда зиёд аст, - илова намуд раиси Кумита.