Соли 2019 дар миқёси ҷумҳурӣ 25,8 ҳазор субъекти соҳибкорӣ барҳам хӯрдааст, ки 24,4 ҳазори он соҳибкорони инфиродӣ ва 1404 ҳазорро шахсони ҳуқуқӣ ташкил медиҳанд. Ҳамзамон, дар соли 2019 36,4 ҳазор субъектҳои нави соҳибкорӣ таъсис ёфтаааст, қайд кард зимни нишасти хабарӣ Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бо мақсади дастгирии молиявии соҳибкорӣ тавассути Фонди дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар соли 2019 26 лоиҳа ба маблағи 50,6 миллион сомонӣ дастгирӣ ёфтааст.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ хабар дод, ки хоҳишмандон маълумот оид ба соҳаҳои афзалиятноки сармоягузории Тоҷикистон, лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, имтиёзу сабукиҳо, низоми иҷозатдиҳӣ ва ғайраро дар сомонаи кумита: www.investcom.tj ва портали интерактивии www.b2b.tj (соҳибкор бо соҳибкор) дарёфт карда метавонанд.